ДАЪВОИ ҲАЛНАШАВАНДАИ ОБИСТИФОДАБАРАНДАГОН
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати байниноҳиявии хоҷагии оби ноҳияи Ҳисор Истамқул Гадоев, хоҷагии мазкур фаъолияти худро дар ҳудуди се ноҳия; Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор амалӣ месозад. Хоҷагии оби мазкур ҳамасола ба 10 ҳазор гектар заминҳои пахта ва 40 ҳазор гектар кишти сабзавоту ғаллазор ва боғу токзорҳо обрасониро таъмин менамояд. Қарзи ҳоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои мазкур аз хоҷагии оби ноҳияи Ҳисор барои хизмати обрасонӣ 3 млн. 516 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз пардохт нагардидааст. Дар навбати худ, қарзи хоҷагии об аз музди меҳнат дар моҳи январи соли 2009 42 ҳазор сомониро ташкил дод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






