«ДАВРОН КОМПАНИЯ» ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТРО АФЗУД

Март 25, 2009 10:54

                          Кӯлоб, 25 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Корхонаи нонбарории шаҳри Кӯлоб, ки ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Даврон Компания» мансубият дорад, истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ ва қаннодиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар афзуд. Роҳбари корхона Баҳром Рустамов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Истеҳсолоти маҳсулот дар 1 шабонарӯз 2000 сомониро дар бар гирифта дар 2 моҳ ба маблағи 12000 сомонӣ маҳсулотҳои нонӣ истеҳсол намудааст».                           Корхона навъҳои гуногуни нону қанд, нӯшобаҳои ранга ва ғайраро истеҳсол намуда дар дӯконҳо ва бозорҳои шаҳри Кӯлоб ба фурӯш мебарорад. Айни ҳол, дар корхона 60 нафар кор мекунад. Мавриди зикр аст, ки ба ғайр аз истеҳсолот дар корхона таъмири ҷорӣ давом дорад, ки маблағи он беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад-афзуд Баҳром Рустамов.  

Март 25, 2009 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд