ДОНИШҶӮЁН БО ИДРОРПУЛИИ МАХСУС САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУДАНД

Март 30, 2009 15:53

                   Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо донишҷӯёни ноҳияи Тоҷикобод, ки тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олии пойтахт таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор гардид. Дар он вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Ҳамидулло Фақиров, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов, омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт иштирок намуданд. Дар мулоқот сухан дар бораи таҳсили донишҷӯён ва сатҳи дониши онҳо рафт. Зикр гардид, ки нисбат ба солҳои гузашта, сифати донишандӯзии донишҷӯён хеле беҳтар гардидааст ва онҳо имрӯз бо хобгоҳ таъминанд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Марҳабо Олимова хабар дод, 4 нафар донишҷӯёни аълохон, сазовори идрорпулии махсуси таъсиснамудаи раиси ноҳияи Тоҷикобод гаштанд.                  Мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни ноҳияи Нуробод, пагоҳ 31 март дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ доир мегардад.  

Март 30, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид