ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ТАШВИШОВАР АСТ
Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии баҳодиҳӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба 1 миллиарду 909 миллион сомонӣ расонида шуд. Бо вуҷуди он ки истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 3,9 фоиз зиёд аст, дар ду моҳи соли ҷорӣ он талаботи роҳбарияти ҷумҳуриро қонеъ карда натавонист. Президенти кишвар дар маҷлиси ҳукуматӣ, ки 10-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардид аз рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар моҳҳои январу феврали соли 2009 изҳори нигаронӣ намуда, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва иншооти энергетикиро нокифоя хонд.Қарор дода шуд, ки аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ фаолияти корхонаҳои саноатӣ ва роҳбарони бархе аз ин корхонаҳо мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






