ГАШТИ АСП ДАР ШОҲМОТИ АГЕНТӢ ВА МОТИ ТОҶИК ЭЙР

Март 25, 2009 12:05

                        Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия муяссар гардид, ки ҳангоми санҷиш дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ва роҳи оҳани Тоҷикистон камбудиҳои зиёдро ошкор намояд.                       Дар сохторҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз худ кардани маблағ ба андозаи 1 млн. сомонӣ, Тоҷик Эйр 2 млн. сомонӣ ва дар назорати танзими Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия беш аз 257 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.                        Мақсади асосии Агентӣ аз ин санҷишҳо танҳо баргардонидани маблағи тасарруфшуда мебошад. Аллакай як қисми парвандаҳо ба суд фиристода шудааст.                        Судҳо ҳам бояд дар баргардонидани маблағҳои тасарруфшуда ба Агентии назорати давлатӣ ҳамфикрӣ дошта бошанд, то моликияти давлатӣ аз тороҷ ҳифз карда шавад..

Март 25, 2009 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад