ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ БАРҚАРОР СОХТАНИ САЛОМАТИИ БАЧАГОН

Март 19, 2009 11:33

                  Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Субҳи имрӯз дар шаҳраки Шифои ҷамоати Баҳори ноҳияи Ваҳдат маросими ифтитоҳи Маркази ҷумҳуриявии барқарор сохтани саломатии бачагону наврасон баргузор гардид. Тибқи нақша дар маросими кушодашавии марказ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва сухан хоҳад кард.                  Муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саида Ҷобирова зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин ҷо саломатии бачагони гирифтори бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу раг ва системаи асаб табобат карда мешаванд. Инчунин, бачагони бо ин ё он сабаб маҷрӯҳшуда ба ҳамин шифохона оварда хоҳанд шуд. Ба қавли С.Ҷобирова, айни ҳол дар мамлакат қариб 6 ҳазор кӯдаку навраси бемор ба қайд гирифта шудааст. Маркази ҷумҳуриявии барқарор сохтани саломатии бачагону наврасон дар миқёси мамлакат ягона аст. Дар шифохонаи бачагонаи деҳаи Қаратоғ танҳо беморони сил ва дар шифохонаи бачагонаи ноҳияи Варзоб бачагони гирифтори беморҳои дилу раг табобат карда мешаванд.                  Дар ошёнаи аввали бинои шифохона ҳуҷраҳои табобатӣ ҷой дода шудаанд. Дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои махсуси табобат бо гили махсус, парафин ва ҳуҷраҳои табобат бо намак фаъолият мекунанд. С.Ҷобирова зикр намуд, ки дар замони шӯравӣ барои табобати бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ аз бухори намак ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои хоби бачагони бемор воқеъ гардидаанд. Дар ин ҷо дар як навбат 40 бемор табобат карда мешавад.                Маркази ҷумҳуриявии барқарор сохтани саломатии бачагону наврасон дар заминаи шӯъбаи бачагонаи Беморхонаи ҷумҳуриявии сил кушода шуд, ки дар ин ҷо аз соли 1965 фаъолият дошт. Шифохонаи мазкур солҳои ҷанги дохилӣ аз кор монда ва харобу валангор гардида буд.                Муовини аввали вазири тандурустӣ изҳор намуд, ки ба ҷои биноҳои кӯҳнаи шифохона биноҳои нав сохта, барои табобати беморон тамоми шароит муҳайё карда шуд. Дар ин ҷо майдончаҳои бозию варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба ихтиёри бачагони бемор гузошта мешавад. Барои табобати бемориҳои асаб кабинети махсус ҷудо карда шудааст.              Дар муассисаи нав 68 мутахассиси соҳаҳои гуногуни тиб кор мекунад. Барои сохтмони он аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналхалқӣ қариб 3,5 миллион сомонӣ сарф карда шуд.                                                                                                                                         Тарҷумон — Қудратов А.

Март 19, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд