ИМА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ПОЙГОҲИ НАВИ НИЗОМӢ НАМЕСОЗАД

Март 5, 2009 16:23

                     Душанбе, 5 март (АМИТ «Ховар» — СА -Нюс). — Сафири кабири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон зимни сӯҳбат бо мухбири рӯзномаи «События» изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи Осиёи Марказӣ пойгоҳи нави низомӣ бунёд нахоҳад кард. «Аҷибаш ҳамин аст, ки мо дар бораи кушодани пойгоҳи нави низомӣ танҳо ба воситаи матбуот хабардор мешавем. Ман ҳамеша бо намояндагони мақомоти низомии мамлакат дар тамосам. Маъмурияти мамлакати мо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон пойгоҳи нави низомӣ кушоданӣ нест», — гуфт вай.                      Ба қавли сафир, айни ҳол сухан танҳо дар бораи ҳамлу нақли транзитии молҳои тиҷоратӣ ба Афғонистон ба воситаи қаламрави Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон меравад.                     Сафир зикр кард, ки тибқи нақша молҳои зарурӣ бо ду роҳ — роҳи шимолӣ ва роҳи ҷанубӣ интиқол дода мешаванд. Роҳи шимолӣ аз Рига оғоз меёбад, баъд молҳо ба воситаи роҳи оҳан тавассути Латвия, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Афғонистон фиристода мешаванд. Роҳи ҷанубӣ аз бандари Поти шурӯъ шуда, аз мамлакатҳои Қафқоз ва баъдан ба воситаи киштиҳо аз баҳри Хазар то шаҳри Оқтови Қазоқистон ба воситаи роҳи оҳан ба Ӯзбекистон бурда, аз ин ҷо ба Афғонистон гузаронида хоҳад шуд.                       Мо мехоҳем дар ин масъала бо Тоҷикистон низ ҳамкорӣ кунем. Агар Ҳукумати Тоҷикистон розӣ шавад, молҳо аз Ӯзбекистон бо роҳи оҳан ба Тоҷикистон оварда, баъд ба воситаи кӯпрукҳои Панҷи поён ба Афғонистон фиристода мешавад. Вале ҳамаи ин алҳол танҳо нақша асту халос. Сафир изҳор намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди ИМА — ро дар ин масъала дастгирӣ намудааст ва ояндаи наздик тафсилоти масъала мувофиқа карда мешавад.                       Молҳои тиҷоратӣ масолеҳи сохтмон, озуқа, сӯзишворӣ ва ғайраро дар бар мегирад, ки ширкатҳои тиҷоратии ИМА харида ба воситаи уқёнус, Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Афғонистон мефиристанд. Қайд карда шуд, ки гурӯҳи коршиносони Пентагон ба Осиёи Марказӣ омада, имконияти харидани молҳои заруриро дар мамлакатҳои он меомӯзад.                       Сафири ИМА дар бораи сиёсати маъмурияти нави мамлакаташ дар Осиёи Марказӣ сухан ронда гуфт, ки таваҷҷӯҳи он ба Афғонистон бештар хоҳад гашт. Сиёсати мо дар минтақа ба таври ҷиддӣ тағйир намеёбад. Зеро ҳам ҳизби демократҳо ва ҳам ҳизби ҷумҳуриятхоҳон сиёсати маъмуриятро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ менамоянд, гуфт Ҷейкобсон.                     Вай афзуд, ки афзоиши таваҷҷӯҳи ИМА ба Афғонистон аз бисёр ҷиҳат ба манфиати Тоҷикистон мебошад. Дипломат дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Амрико сухан ронда, зикр кард, ки ҳар ду мамлакат дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла, таъмини амният, беҳтар сохтани вазъияти тандурустӣ, маориф, рушди демократия, саноат ва ғайра самарабахш ҳамкорӣ мекунанд.                      Ба қавли сафир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳаҷми кӯмакҳои ИМА ба Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ намерасонад. Мо ба Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амният кӯмак мерасонем. Умед бастан мумкин аст, ки соли оянда ҳаҷми кӯмаки ИМА ба Тоҷикистон нисбати соли равон чандин баробар меафзояд. Гуфтан мумкин аст, ки кӯмаки мо дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба Тоҷикистон зарур аст, гуфт дар хотима Трейси Энн Ҷейкобсон.  

Март 5, 2009 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд