ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ЭКО

Март 11, 2009 16:34

                     Субҳи имрӯз Мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон ба кори худ шурӯъ намуд.                     Дар ин ҳамоиши бузурги минтақавӣ аз 10 давлати аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) 7 — тои онро бевосита сарони давлатҳо намояндагӣ карданд. Дар мулоқот ҳамчунин сарони давлатҳои Ироқу Қатар ва ноиби Президенти Сурия, ки ба созмони ЭКО аъзо нестанд, иштирок намуданд.                     Хотиррасон бояд кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) соли 1985 аз ҷониби се давлат — Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, аз соли 1992 ба он 7 давлати нав — Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон шомил гашта буданд.                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ нақши ин ҳамоишро дар таҳкими мавқеи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа, хусусан дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард.                      Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бораи созмон додани гурӯҳи корӣ баҳри омӯзиши таъсири бӯҳрон ва омода кардани тавсияҳои зиддибӯҳронӣ дастгирӣ намуд.Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ шарикони муҳимтарини тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд ва саҳми онҳо зиёда аз 35 дар сади ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷиро ташкил медиҳад.                      Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки кӯшишу талошҳои Тоҷикистон баҳри рушди инфраструктураи нақлиётию тиҷоратӣ оид ба сохтмони пулҳо, азнавсозӣ ва пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди нақлиётии кишвар бо Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Чин мавриди пуштибонӣ ва дастгирии васеъи ҳамаи кишварҳои аъзои ЭКО қарор мегиранд.                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иқдомҳои мақомоти ЭКО — ро оид ба ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии кишварҳои аъзои он, таъсиси Фонди мусоидат ба туризм ва ислоҳоти куллии созмон ҷонибдорӣ намуд.                      Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ислоҳоти куллии ЭКО на аз соли 2015, балки аз ҳозир оғоз карда шавад                      Зимни муҳокимаи масоили вобаста ба баланд бардоштани самарабахшии кори созмон ва ба шароити ҷаҳони зуд тағйирёбанда мутобиқ намудани он аз ҷониби сарони давлатҳо масъалаҳои ба вуҷуд овардани низоми боэътимоди нақлиётиву транзитӣ, содда гардонидани расмиёти тиҷорат, ривоҷи амалиёти бозаргонии наздисарҳадӣ, истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, интиқоли озоди сармоя, нерӯи корӣ ва молу маҳсулот, инчунин ба вуҷуд овардани фазои умумии иқтисодӣ дар доираи созмон дорои аҳамияти хоса маънидод гардид.  

Март 11, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт