КӮМАКИ ХАЙРИЯИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Пагоҳ, 19 март аз Русия ба Тоҷикистон бо ду ҳавопаймои боркаши вазорати ҳолатҳои фавқулодда кӯмаки хайрия фиристода мешавад. Дар ин бора аз сафоратхонаи Русия дар Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар маросими супурдани кӯмаки хайрия намояндагони сафоратхонаи Русия дар Душанбе ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷмикистон иштирок хоҳанд кард. Ба воситаи ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон кампал, хайма ва маводи озуқа фиристода мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






