КӮМАКИ САҲА БА МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз дар Душанбе маросими супоридани кӯмаки техникии намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ба толорҳои маҷлисҳои Ҷамъияти саҳҳомии «Иттилоот ва муошират» баргузор гардид. Ба ҷамъияти мазкур, аз ҷумла, асбобу анҷоми тарҷумаи ҳамзамон, 21 микрофон, 50 гӯшӣ, лавҳаи сатрҳои равони «Самсунг», ду асбоби гарму хунуккунандаи ҳаво, инчунин, компютерҳои инфиродӣ ва диктофонҳо супорида шуданд. Дар маросими супоридани кӯмак роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин, сардори раёсати иттилоотии ВКХ Тоҷикистон Давлат Назриев, афсари Агентии ҳамкории байналхалқии Швейтсария Мария Мелбинг, мушовирони масъалаҳои матбуоти САҲА Михаил Унланд ва Алишер Каримов иштирок доштанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






