КИШТИ БАҲОРӢ 29 ФОИЗ АНҶОМ ДОДА ШУДААСТ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини вазири кишоварзӣ Шукрулло Раҳимназаров, тибқи дурнамои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и вилояти Хатлон соли ҷорӣ дар масоҳати 38 ҳазору 211 гектар кишти баҳории зироатҳои ғалладона гузаронида мешавад.То 9-уми феврали соли ҷорӣ хоҷагиҳои вилоят дар масоҳати 11 ҳазору 263 гектар ё ба андозаи 29, 5 фоиз кишти баҳории зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5 ҳазору 589 гектар зиёд аст.Хоҷагиҳои вилоят инчунин, дар масоҳати 6588 га ҷав, 150 га зироатҳои лӯбиёгӣ, 173 га зағир ва дар майдони 220 га дигар навъи зироатҳои техникро кишт намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






