КИТОБИ НАВИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗӢ

Март 5, 2009 10:53

                  Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). Лоиҳаи китоби нави гурӯҳи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низоми илман асоснокшудаи пешбурди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати кишоварзии ҶТ барои чоп намудан тавсия дода шуд.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, китоби мазкур бори аввал бо забони давлатӣ аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахассисони вазорати кишоварзии ҶТ дар ҳаҷми 500 саҳифа таҳия гардидааст. Дар он моҳияти соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ аз ҷиҳати назариявӣ, амалӣ бо назардошти хусусият ва шароитҳои агроиқлимии ҶТ кушода дода шудааст.                   Ҳар як бахши китоб аз ҷониби олимони ҳар соҳа дар асоси таҷрибаҳои илмию амалии бисёрсолаи онҳо бо назардошти натиҷаҳои озмоишу санҷишҳо ва нишондодҳои мушаххас таълиф шудааст, ки ин арзиши китобро дучанд мегардонад. Бахусус муаллифон кушиш намудаанд, ки вазъи имрўзаи иқтисодӣ, талаботи хоҷагиҳо, ҷомеа ва ояндаро ба инобат гиранд.                   Дар китоб масъалаҳои таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, афзун намудани иқтидори иқтисодии корхонаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси технологияи пешқадам, раҳоӣ аз танқисии беобӣ ва беҳтар сохтани ҳолати ғайри қобили кишт гардида таҳлил карда шудаанд.  

Март 5, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст