КОНФРОНС БАХШИДА БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон 15 апрели соли равон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Масоили рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар он соҳибкорон, кормандони ассотсиатсияҳои соҳибкории хурд ва миёна, олимон ва муҳаққиқон иштирок менамоянд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини ректор оид ба таълим Аҳмадов хабар дод, дар конфронс масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти он, проблемаҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ, ҳисобдорӣ, аудит ва маркетинг дар соҳибкорӣ мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад. Конфронс ду рӯз идома меёбад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






