КОНСЕРТИ МУТРИБОНИ МАШҲУРИ ҲИНД ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Гурӯҳи раққосони «Кучипуди» — и Ҳиндустон таҳти роҳбарии ҳунарпешаи маъруф Мадхури Маҷумдор ва гурӯҳи овозхонони ин мамлакат таҳти роҳбарии Ума Гарг ба Душанбе омада, аз 27 то 30 март силсилаи консертҳо намоиш медиҳанд. Аз сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки консертҳо дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба таври ройгон намоиш дода мешаванд. Консертҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамкории фарҳангии Ҳиндустон гузаронида мешаванд. Мадхури Маҷумдор раққосаи машҳури ҳинд мебошад, ки дар бораи тарзу усулҳои рақси миллии Кучипуди китоби алоҳида таълиф намудааст. Ин рақс асосан дар вилояти Андхра Прадеш машҳур аст. Ума Гарг, аз ҷумла, овозхонони варзида ва касбии Ҳиндустон ба шумор меравад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






