КОРХОНАИ «САДРАНГ» ИСТЕҲСОЛОТРО РАНГИН СОХТ

Март 10, 2009 14:34

                   Кӯлоб, 10 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-«ҶДММ «Садранг»-и шаҳри Кӯлоб ҳаҷми маҳсулоташро дар муддати 2 моҳ 3 баробар зиёд намуд — гуфт директори корхона Неъматулло Азимов ва афзуд, ки корхонаи мазкур либосҳои ҳарбӣ, ҷиҳози ҷои хоб, болишт матрас, либоси занонаи беморӣ ва дигар навъи маҳсулот истеҳсол намуда дастраси мизоҷон мегардонад. Ба гуфтаи ин манбаъ аз тарафи Агентии таъминоти амволи махсус мувофиқи шартнома ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба корхона пешпардохт намудааст. Маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхона ба қисмҳои ҳарбӣ ва беморхонаҳо мувофиқи дархост таъмин мегардад. Корхона метавонад дар оянда 25 то 30 нафар занҳоро ба кор ҷалб намояд. Дар дохили корхона сехҳои пахтатозакунӣ, чилонгарӣ, таъмири мебел, шустушӯи автомобилҳо мавҷуд буда фаъолият менамоянд. «Мушкилоти асосии корхона танқисии қувваи барқ буда ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот таъсири манфӣ мерасонад»-иброз дошт Неъматулло Азимов.

Март 10, 2009 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд