М. УБАЙДУЛЛОЕВ БО СОҲИБКОРОН МУЛОҚОТ МЕНАМОЯД
Душанбе, 13 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 14 март дар «Маркази равобити пойтахт» мулоқоти озоду ихтисосии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо доираи васеи соҳибкорони пойтахт баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар доираи таҳкими фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки ҷиҳати рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии пойтахт моҳи майи соли 2003 таъсис дода шуда буд, гузаронида мешавад. Ҳадафи мулоқот густариши ҳамкорӣ бо дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дар заминаи он коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар пойтахт мебошад, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матуботи Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






