МАҶАЛЛАИ НАВ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар Душанбе маҷаллаи нави «Тиҷорати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» аз чоп баромад. Маҷалла дар доираи барномаи Агентии рушди байналхалқии ИМА дар масъалаҳои озод сохтани тиҷорат ва ислоҳоти соҳаи гумрук нашр карда мешавад. Раиси Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки маҷаллаи мазкур ҳар се моҳ як маротиба чоп мешавад. Дар он ба саволҳои пешниҳоднамудаи тоҷирону соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар соҳаи тиҷорат кор мекунанд, ҷавоб дода мешавад. Дар хабару мақолаҳои шумораи нахустини маҷалла ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, беҳтар сохтани фаъолияти муассисаҳои гумрукӣ, қабули ҷумҳуриҳои Қазоқистону Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, вазъияти имрӯзаи нарх ва гирифтани боҷ диққати асосӣ дода шудааст. Мо кӯшиш мекунем, ки дар маҷалла фикру ақида ва мавқеи тоҷирону соҳибкорон ифода карда шавад, гуфт М.Ӯлҷабоева.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






