МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР КЎЛОБ
Кўлоб, 2 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Имрўзҳо маъракаи ниҳолшинонӣ дар ташкилот, муассиса ва корхонаҳои шаҳри Кўлоб ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин самт кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзил»-и шаҳри Кўлоб ба ҳашар баромада дар маҷмааи 2700 солагии шаҳри Кўлоб боғи истироҳатии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва боғи 15- солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба шинондани гулу гулбутта, нарм кардани замин, тоза кардани обравҳо саҳми худро гузошта истодаанд. Тағоймурод Ҷумъаев роҳбари корхона вобаста ба ин мавзўъ гуфт: « Кормандони корхонаи мазкур то ин ҷониб зиёда аз 2300 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинондаанд, ки 1600-тои он дар роҳу роҳравҳо шинонда шудааст. Ба гуфти Т. Ҷумъаев, ниҳолҳо аз тарафи муассисаи ниҳолпарварии шаҳр бо таври ройгон дастрас карда мешавад».








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






