МИЛЛАТҲОИ ҒАЙРИРУС ВА САҲНАҲОИ РАВШАНУ ҶАМШУД

Март 16, 2009 11:28

                Душанбе, 16 март (АМИТ «Ховар», Независимая газета). — Микроавтобуси пур аз одам. Занону мардони ҷавону солхӯрда баъди кор хаста шуда, ҳар чӣ зудтар ба хонаҳояшон баргаштан мехоҳанд. Курсии пеши микроавтобусро марди чорпаҳлӯи ширакайф банд карда, беист гап мезанад. «Ин ҳаворо бинед — а! Ҳозир ҳаво на гарм асту на хунук, вале пешгӯӣ мекунанд, ки шабона то 30 дараҷа хунук мешавад. Ту ба ин чӣ мегӯӣ? — марди чорпаҳлӯ бо ронандаи микроавтобус савол дода, кӯшиш мекард, ки ба сари китфи ӯ тап — тап занад. Вазъи ҳаво дар чунин лаҳзаҳо дар ҳақиқат ғайримуқаррарӣ буд — беист барф меборид ва ба замин нарасида об мешуд, кӯчаю пайраҳаҳоро лойобаи гализ фаро гирифта буд. Ҳаво торафт бештар торик мешуд. Вале марди чорпаҳлӯ, ки зоҳиран ба синни нафақа расида буд, чунон гап мезад, ки гӯё ронандаи мошин ба чунин вазъияти ҳаво гунаҳкор бошад. Гӯё ҳаво маҳз бо гуноҳи ӯ чунин барфолуд ва сард аст. Мардак кӯшиш мекард, ки тамоми захираҳои луғавиашро истифода бурда, гунаҳкорони чунин ранг гирифтани ҳаворо маҳкум намояд.                 Одамони дигар дар салони микроавтобус хомӯш менишастанд. Ҳамаи ин маро ба ваҷд оварда, ҳисси кунҷковиамро бедор намуд ва хостам фаҳмам, ки чаро ин марди беғам одамони дигарро барои номусоидии вазъи ҳаво гунаҳкор кардан мехоҳад.Вале мард ба ман имкони сухан гуфтан намедод, вай то охири роҳи микроавтобус танҳо худаш гап мезаду халос. Ронанда, ки дар паҳлӯи чапи ӯ менишаст, ба ақидаи ман, ё тоҷик буд ё ӯзбек, ба суханони марди чорпаҳлӯ танҳо сар ҷунбонда, гоҳ — гоҳ табассум мекарду халос.                 Вай тамоми роҳ ба ин марди шилқин ва серҷоғ ягон эрод нагирифт ва ҳатто нагуфт, ки ба кораш халал мерасонад. Дар истгоҳи охирин, дар наздикии даромадгоҳи метро ронандаи мошинро боз як имтиҳони сангин интизор буд. Вақти фуромадан аз микроавтобус ду нафар зан ба ронанда «ҳуҷум» оварданд.                  Яке аз онҳо пеш аз дигарон аз мошин фуромаданӣ шуда, дари микроавтобусро чунон сахт кашид, ки як тарафи он каҷ ва канда шуда, дар нимароҳ овезон монд. Ҳамин сабаб шуд, ки тамоми занҳои дар микроавтобус буда, ба шӯр оянд. Ҳамаи онҳо ба сари ронандаи бечора ҳуҷум карданд. Ронанда дар давоми чанд сония фурсат ёфт, ки давида ба назди дари кандашуда биёяд ва онро ба ҷояш дароварда монад. Занони аз мошини фуромада, ӯро дар ин муддат аз об гирифта ба замин заданд ва ҳар дашноми ба даҳономадаашонро нисбати ҳамаи миллатҳои Осиё ба сари ронандаи бечора фурӯ рехтанд. Кас гумон мекард, ки онҳо ронандаро баъди чанд лаҳза зери мушту лағад хоҳанд гирифт.                   Ман дар чунин вазъият намедонистам, ки тарафи киро гирам. Ронанда, намедонам, ӯзбек буд ё тоҷик, баъди ба ҷояш даровардани дари мошин дар назди зинапоя истода, ба одамон кӯмак расонд, ки аз мошин фуроянд. Ӯ ҳатто дасти ду пиразанро гирифа, аз кӯлмаки об гузаронд. Худи ӯ дар пояш туфличаҳои кӯҳна дошт. Зимни аз мошин фуровардани одамон пойҳои ӯ то буҷулак ба лой ғӯтида буданд. Бо вуҷуди ин дар қиёфаи ронанда ягон ранҷиш ё озурдагӣ ҳис карда намешуд. Вай ба сӯи одамон табассум мекард. Занон ба унвони ронанда суханони қабеҳ гуфта, пароканда шуданд. Ҳатто яке аз онҳо чунин хитоб кард: « У — у — у, чучмек, дастони ту мисли роҳи пур аз лой чиркин аст». Вале ронанда бо ин суханони иғвогарона фирефта намешуд. Вай ҳамоно дар назди дари микроавтобус истода, ба одамон табассум мекард.                   Дар ин маврид чунин андеша кардан мумкин буд, ки ҳамаи ин рафтори мусофирон, суханони қабеҳи онҳо ва ҳатто вазъи номусоиди ҳаво ба ӯ дахл надорад. Асрори ботинии ронандаи бечораро танҳо аз нигоҳаш пай будан мумкин буд. Чашмонаш гувоҳӣ медоданд, ки ӯ ҳамаи суханони қабеҳро ба хубӣ мефаҳмад. Ӯ ба хубӣ пай мебурд, ки мо, москвагиҳо ӯро на одами комил, балки дуюмдараҷа ҳисоб мекунем. Вай барои маҳрум нашудан аз кор бояд ба ҳар гуна таҳқири мусофирон бо сабру таҳаммул тоб орад.                    Шояд ронанда дар ватани худ, дар назди аъзоёни оилааш шахси соҳибэҳтиром бошад ва ақидаи ӯро дигарон тарафдорӣ кунанд. Вале айни ҳол ин ягон аҳамият надорад. Вай дар назди мошин истода, нақши одами бепарво ва кару гунгро бозӣ мекард. Дигар минтақаҳоро намедонам, вале чунин одамон, ки барои мардикорӣ аз ҷумҳуриҳои дар вақташ серу пури Осиёи Марказӣ ба вилояти Маскав омадаанд, хеле зиёданд.                    Онҳое, ки одамон таҳқиромез «мардикор», «гастарбайтер», «чурка» ва ғайра меноманд, дар ҳавои қаҳратуни 20  дараҷа хунук яхи кӯчаҳои шаҳрро тоза карда, дар мағозаҳо ва дӯконҳои назди метро қуттиҳои вазнини сабзавоту меваро кашонда, дар ноҳияи Коломенск халоҷоҳои ҷамъиятиро тоза карда, ҳазорон корҳои дигарро иҷро мекунанд, ки сокинони маҳаллӣ ҳатто дар шароити бӯҳрони молиявӣ аз иҷрои онҳо ор мекунанд. Ҳар рӯз, субҳи барвақт ман нимхобу нимбедор садои ҷорӯбзаниро мешунавам. Онҳо тоҷикон ё ӯзбекҳо мебошанд, ки ҳавлии хонаҳои моро аз ахлоту ях тоза мекунанд.                   Ман ба хубӣ медонам, ки бо вуҷуди боридани борону барф, гармӣ ё сардии ҳаво аз хона баромада, бо Аҳмад ё Равшани сиямӯ дучор мешавам. Онҳо одатан либоси сурхчаранги корӣ дар бар бо тарсу ҳарос ба сӯи ман нигоҳ карда, ба саломи ман беҷуръатона ҷавоб медиҳанд. Гӯё касе фаррошони ғайрирусро маҷбур карда бошад, ки худро аз соҳибони хонаҳо ҳар чӣ бештар канора гиранд. Ман боз ҳаминашро ҳам медонам, ки дар як ҳуҷрачаи на он қадар калон на як нафар ё ду нафар, балки панҷ нафар ва ҳатто аз ин ҳам бештар тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба ман яке аз тоҷикони шиносам бо номи Воҳид нақл карда буд.                   Боре ман аз мағоза якбора чор халтаи қоғазӣ маводи озуқа харида, онҳоро ба зӯр бардошта, ба сӯи хона равон шудам. Раҳораҳ худро маломат мекардам, ки якбора ин қадар чизро харида, акнун то ба хона бурдани он азоб мекашам. Халтаҳоро ба зӯр бардошта, дам гирифта — дам гирифта ба сӯи хона мерафтам, дар атроф одамон бисёр буданд — бачагон дар майдончаи яхпӯш футболбозӣ мекарданд, одамони калонсол дар наздикӣ дар болои харакҳо нишаста, бо вуҷуди сардии ҳаво пиво менӯшиданд. Дар наздикии онҳо модарони ҷавон кӯдаконашонро ба сайру гашт бароварда буданд. Дар байни ҳамин қадар одам касе ба ман аҳамият намедод.                 Вале ногоҳ ғайричамшдошт, касе аз қафо ба ман наздик шуда, бо лаҳни шикастаи русӣ гуфт: «Давайте, помагаю». Ман тоҷик будани онро пай бурда, худро бо нафрат аз ӯ дур гирифтам.                  Маълум буд, ки ин ҷавон ҳиссиёти маро аз қиёфаам пай бурд, вай дар як лаҳза тағйир ёфт ва калон — калон қадам гузошта дур шуд. Ман базӯр — базӯр қадам гузошта, аз қафо равон шудам ва худро маломат мекардам, ки аз кӯмаки чунин ҷавони хайрхоҳ сарфи назар кардам. Бо вуҷуди дур будани масофа, фарёд кардам: «Сабр кунед, ман розиам, ки ёрӣ расонед!»                Хоҳ бовар кунед хоҳ не, он ҷавон овози маро шунида, қафо гашт ва бо табассум ба сӯи ман шитофт. Ӯ ҳамаи халтаҳои маро бардошта, ҳамроҳам равон шуд. Вай раҳораҳ ба ман дар бораи худ ва ҳамкоронаш ва ҳуҷрачае нақл кард, ки ҳамроҳи мардикорони дигар дар он зиндагӣ мекунад. Вай изҳор намуд, ки шабона фурӯзон кардани чароғи барқро барои онҳо манъ намудаанд, онҳо хӯрокашонро дар «карасинка» тайёр мекунанд. Он ҷавон хурсанд буд, ки дар ҳамин маҳалла фаррош шуда кор мекунад. Дар Тоҷикистон ӯро модараш ва панҷ бародару хоҳараш интизоранд.                Ман ҳамроҳи он ҷавон қадам зада, сару либоси тобистонаашро аз назар мегузарондам, ки дар фасли зимистони қаҳратун ба бар карда буд. Дар ҳамин маврид суханони як шиносам ба хотир омад, ки гуфта буд: «Ба фикрам, пулро дар Русия корида мондаанд, бинобар ин ҳамаи тоҷикон ва ӯзбекҳо ба ин ҷо меоянду меоянд. Онҳо бояд аввал тарзи либоспӯширо ёд гиранд. Охир ин ҷо пойтахт аст». Ҷавони тоҷик халтаҳои маро то дари лифт оварда, бо ман хайру хуш кард. Ман хостам ба ивази хизматаш ба ӯ пул ё озуқа диҳам. Вале вай бо лаҳни шикастаи русӣ пешниҳоди маро рад кард.                Баръакс вай бо ҳисси самимонаи шарму ҳаё аз ман хоҳиш кард, ки аз ӯ ҳазар накунам. «Вақте мебинам, ки касе аз коре душворӣ мекашад, ҳамеша мехоҳам ба ӯ дасти ёрӣ дароз кунам. Моро ҳамин гуна тарбия кардаанд. Вале дар ин ҷо ҳама аз тоҷикон метарсанд ё ҳазар мекунанд. Ба фикрам андеша мекунанд, ки тоҷикон одамони дуюмдараҷаанд, бинобар ин сокинони маҳаллӣ худро онҳо дур гирифтан мехоҳанд. Оё ҳамин тавр нест?».                Ман ҳам ба андеша меравам, ки чаро мо аз тоҷикону ӯзбекҳо ҳазар мекунем?. Ё шояд аз онҳо тарсем? Бинобар ҳамин ҳамаи тарсу ҳароси худро бо саҳначаҳои тамасхуромез дар бораи Равшан ва Ҷамшуд пинҳон карданӣ мешавем. Вале агар чунин саҳначаҳоро ба воситаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон нишон диҳанд, ки қаҳрамонони асосии манфии онҳо русҳо, аз ҷумла, Иван — дурак ё Дашаи фоҳиша бошанд, оё мо низ ханда мекарда бошем?                                                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А.   

Март 16, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт