МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ITB-2009
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ҳайати намояндагони соҳаи туризми Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов аз Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB-¬2009, ки дар шаҳри Берлин аз 11 то 15 март доир гардид, ба ватан баргаштанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири бахши иттилоотию таҳлилии кумитаи мазкур Мавлон Шарипов хабар дод, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли дуюм аст, ки намояндагони соҳаи туризми кишвар дар кори ин намоишгоҳи байналмилалӣ бо лавҳаи алоҳида иштирок менамоянд. Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB-Берлин яке аз чорабиниҳои машҳури байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун макони асосии пешниҳоди маҳсулоти туристии мамлакатҳои аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии туристии Созмони Милали Муттаҳид мақоми хоса пайдо кардааст. Дар намоишгоҳи имсола бо саҳми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон 12 ширкати сайёҳӣ, ки аъзои Ассотсиатсияи ташкилотҳои мададгори туризми Тоҷикистон ҳастанд ва намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» ширкат варзиданд. Намояндагони ҶТ дар масоҳати 24 метри мураббаъ лавҳа омода намуда, маводҳои таблиғотӣ, захираҳои бои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро пешкаши иштирокчиёни ин намоишгоҳи бонуфуз гардониданд. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар кори ин намоишгоҳ беш аз 180 кишвари ҷаҳон ва 300 ширкатҳои бонуфузи туристии олам бо лавҳаи алоҳидаи туристӣ иштирок карда, бештар аз 200 ҳазор нафар аз он дидан мекунанд. Аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон дар рафти кори ин намоишгоҳ беш аз 60 шартнома бо ширкатҳои гуногуни кишварҳои иштирокчӣ барои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони масъули Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Федероли Олмон дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм мувофиқа карда шуд. Натиҷагирӣ аз гузаронидани корҳои самарабахши тарғиботӣ-ташвиқотии намояндагони кишвар дар ин намоишгоҳ нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишварҳои Аврупо нисбати кишвари мо зиёд шуда, тибқи маълумоти сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон танҳо дар соли 2008 нисбат ба солҳои пешина 3-4 маротиба афзудааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки андешидани тадбирҳои мақсаднок баҳри таблиғу ташвиқи захира ва имкониятҳои туристии кишвар ба мақсад мувофиқ буда, яке аз омилҳои асосии ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар арзёбӣ мегардад.