МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФИ БО Р.СПАНТО
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 21 марти соли 2009 дар нимаи дуюми рӯз дар ҷараёни боздиди худ аз Мазори Шариф Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Рангин Додфар Спанто мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, зимни сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз пазироии ҳайати Тоҷикистон дар Мазори Шариф ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои баргузории ҷаласаи сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ағонистон ва Эрон, инчунин чорабиниҳои наврӯзӣ изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ кард. Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ аз татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада ёдовар шуда, зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бобат қадамҳои навбатиро мегузорад. Аз ҷумла, масъалаи боз кардани консулгариҳои Тоҷикистон дар вилоятҳои Қундуз ва Бадахшони Афғонистон ҳал гардида, дар вақтҳои наздик онҳо ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Масъалаи сохтмони пули нав дар дарёи Панҷ дар минтақаи Кокул бо ҷониби ИМА мавриди баррасӣ гирифта, лоиҳа дастгирӣ ёфтааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст реҷаи кории шабонарӯзии гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поёнро то 24 соат расонад ва дар ин бобат омодагии ҷониби Афғонистонро интизор аст. Ҳамрохон Зарифӣ зикр кард, ки имсол сохтмони роҳи оҳани минтақаи Ваҳдат-Ёвон оғоз меёбад, ки яке аз қитъаҳои шоҳроҳи оянда дар масири Сангон — Ҳирот — Шерхон Бандар — Панҷи Поён — Душанбе — Қирғизистон — Чин аст.Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии мардуми Афғонистон дар фасли зимистон тавассути транзити маводи озуқа ба минтақаҳои шимолии кишвари ҳамсоя изҳори миннатдорӣ намуд. Рангин Додфар Спанто гуфт, ки кишвараш тасмим гирифтааст то дар тамоми лоиҳаҳои роҳҳои оҳану мошингарди шимоли Афғонистон пайваст кардани онҳо бо инфраструктураҳои Тоҷикистон дар назар дошта шавад. Ӯ изҳор дошт, ки дар ин масъала Афғонистон бо Тоҷикистон комилан ҳамфикр аст. Вазир иброз дошт, ки барои дастрас кардани мол ва маводи озуқа ба он минтақаҳои шимолии Афғонистон, ки дар сарҳади Тоҷикистон воқеанд, 13 гузаргоҳи сарҳадӣ лозим аст. Аз ин адад то ҳануз баъзе минтақаҳо гузаргоҳ надоранд. Ғайр аз ин, Рангин Додфар Спанто аз пешниҳоди шаҳрвадони Афғонистон ёдовар шуда, зикр кард, ки аз минтақаҳои наздисарҳадӣ бемориҳои вазнинро ба Кобул ё дигар шаҳрҳо фавран интиқол намудан душвор ва хатарнок аст. Бинобарин ӯ хоҳиш кард, ки масъалаи дар Тоҷикистон табобат гирифтани чунин беморҳо мусбӣ ҳал карда шавад. Ҳамрохон Зарифӣ ин таклифҳоро муфид арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ин масъалаҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва то ҳадди имкон мусбат ҳал хоҳад кард.








Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






