МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Р. ЭРДОГАН

Март 16, 2009 11:23

                    Шоми рӯзи 16 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Речеп Тейип Эрдоган мулоқот намуд.                     Дар вохӯрӣ оид ба тафсилоти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.                    Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулоти тайёри саноатӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ аз роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ маънидод гардид.                    Тақвияти ҳамкориҳо дар бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, нерӯгоҳҳои нави обӣ дар Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақаи Осиёи Марказӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии инвеститсионии ду кишвар маънидод гардид.                   Дар мулоқот ҳамчунин оид ба рӯзномаи Форуми 5-уми ҷаҳонии об ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.                   Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Речеп Тейип Эрдоган ба иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода, аз ташрифи ӯ ба шаҳри Истанбул изҳори қадрдонӣ намуд.                    Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмоммалӣ Раҳмон дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз щаҳри Истанбул Ҷумҳурии Туркия телефонӣ иттилоъ дод.

Март 16, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид