МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ЭРОН
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни боздид аз Мазори Шариф, ки 21 март баргузор гаридид бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳр Муттакӣ мулоқот кард. Дар оғози сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири корҳои хориҷии Эрон барои пазироии ҷониби эронӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҳангоми сафар ба Эрон ва иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамрохон Зарифӣ дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҳамоиши сарони кишварҳои СҲИ-ро зикр карда, ҳамтои худро ба ин муносибат табрик намуд. Ӯ ҳамчунин пурмазмуну манфиатбахш ҷараён гирифтани мулоқотҳои Президенти Тоҷикистонро дар Теҳрону Кирмон ва ҷазираи Кеш зикр намуда, минтақаи озоди иқтисодии ҷазираи Кеш ва технологияҳои истифодашавандаи эрониро дар ин ҷо пешқадаму ояндадор ва арзандаи омӯзиш арзёбӣ кард. Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷии Эрон иброз дошт, ки миёни вазирони корҳои хориҷӣ Тоҷикистону Эрон ҳамкорию ҳамфикрӣ ва рафоқате ҷараён дорад, ки бояд ба манфиати ҳарду кишвар хизмат бикунад. Дар мулоқот рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар самтҳои гуногун баррасӣ шуд. Ҳамрохон Зарифӣ нисбати пешрафти корҳо оид ба чанд лоиҳаи дуҷониба дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар шароити кунунӣ қариб мушкилие ҷой надорад. Ӯ гуфт, ки мушкили пешомадаи як ширкати эронии воқеъ дар Хуҷанд ҳалли худро меёбад. Манучеҳр Муттакӣ таъкид кард, ки дар миёни лоиҳаҳои муштарак сохтмони роҳҳо ва иншоотҳои барқӣ хеле муҳиманд. Ӯ зикр намуд, ки барои анҷом додани сохтмони нақби «Истиқлол» ҷониби Эрон 6 миллион доллари заруриро ҷудо мекунад, ки 1 миллион доллари он тариқи ҷудо кардани грант пардохт хоҳад шуд.Дар сӯҳбат масъалаҳои амнияти минтақа, инчунин ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ низ мавриди табодули назар сурат гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки Тоҷикистон мақсад дорад соли 2010 ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро дар Душанбе доир намояд. Манучеҳр Муттакӣ ин иқдомро дастгирӣ намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазирати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






