МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БО ВОЛИИ БАЛХ
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни боздиди худ аз Мазори Шариф Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо волии Балх Атомуҳаммади Нур мулоқот анҷом дод. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо волии Балх аз фароҳам овардани шароитҳои мувофиқу мусоид барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии се кишвар дар Мазори Шариф изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ намуда, ба сатҳи ташкилии маросимҳои наврӯзӣ баҳои баланд дод. Ҳамрохон Зарифӣ ва Атомуҳаммади Нур аз сатҳи ҳамкориҳои вилояти Балхи Афғонистон бо Тоҷикистон, ба вижа бо вилояти Хатлон изҳори хушнудӣ карда, иброз доштанд, ки барои тавсеа бахшидани табодули мол, рафтуомади мутахассисон, аҳли илму фарҳанг имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки бояд самаранок истифода шаванд. Дан ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






