НАМОЯНДАИ ҚУВВАҲОИ ЧАП ПРЕЗИДЕНТИ САЛВАДОР ИНТИХОБ ШУД
Сан — Салвадор, 16 март. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости» ). — Дар интихоботи президенти Салвадор номзади Ҷабҳаи озодихоҳии миллии ба номи Фарабундо Марти, журналист Маурисио Фунес ғолиб омад. 51,27 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории ӯ ва 48,73 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории рақиби М.Фунес — намояндаи Иттиҳоди миллии ҷумҳуриявӣ Родриго Авила овоз доданд. Президенти нави Салвадор зимни суханрониаш изҳор намуд, ки ин ғалабаи ҳамаи қувваҳои демократии мамлакат мебошад. Вай ҳамаи қувваҳои сиёсиро ба ҳамкорӣ, созиш ва ваҳдати миллӣ даъват намуд.Маурисио Фунес дар давоми фаъолияташ ҳамчун журналисти соҳаи телевизион дар байни мардум машҳур гардид. Ӯ дар бораи ришвахӯрии мансабдорон ва нобаробарии иҷтимоӣ дар мамлакат барномаҳои ҷолиби диққат тайёр мекард. Ҷабҳаи озодибахши миллии ба номи Фарабундо Марти бо кӯмаки Куба ва Нигкарагуа то соли 1992 ба муқобили диктатураи ҳарбӣ мубориза мебурд. Ҷабҳаи мазкур соли 1992 баъди имзои созишномаи сулҳ ба ҳизби мустақили қонунии сиёсӣ табдил ёфт. Дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона дар мамлакат қариб 75 ҳазор нафар қурбон шуд, ба иқтисодиёти мамлакат қариб 2 миллиард доллар зарар расид. Ба қавли коршиносон, М.Фунес роҳи тараққиёти сотсиалистиро пеш мегирад. Вай ваъда дод, ки барои беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум тадбирҳо меандешад. Айни ҳол бештар аз 35 фоизи аҳолии мамлакат дар шароити бенавоӣ зиндагӣ мекунад, нисфи аҳолии мамлакат бекор аст. Маъмурияти ИМА дар арафаи интихобот изҳор намуд, ки новобаста ба узвияти президенти нави Салвадор ба ин ё он ҳизб бо ин мамлакат ҳамаҷониба хамкорӣ хоҳад кард.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






