НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАН АРЗОН ШУД
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки нархи чиптаҳои нақлиёти роҳи оҳан дар мамлакат аз 10 март сар карда, тадриҷан арзон мешавад. Ин дар натиҷаи гуфтушунид бо роҳбарияти муассисаи роҳи оҳани ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя муяссар гардид. Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон аввали моҳи январи соли равон арзиши убуру мубури қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро ба воситаи қаламрави худ сеюним баробар зиёд кард. Бинобар ин ҷониби Тоҷикистон ҳам нархи чиптаҳоро то андозае қимат намуд. Айни ҳол нархи чиптаи қатори роҳи оҳани Душанбе — Маскав 704 сомонию 35 дирам дар вагонҳои умумӣ ва 870 сомонию 84 дирам дар вагонҳои ҳуҷрадор мебошад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






