НАВРӮЗ, НАВРӮЗГОҲ ВА СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ
Мардумони ориёитабор, аз ҷумла халқи тоҷик аз замонҳои бостон идҳо, ҷашнҳо ва расму анъанаҳои волоро соҳиб буданд, ки дар онҳо беҳтарин падидаҳои ҳунару фарҳанг, расму оин, орзую омол, ормону ниёзҳои чандинҳазорсолаи хешро ғунҷоиш додаанд. Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фарвардагону Бахманчана ва Ободгон аз ҳамин қабил буда, тайи ҳазорсолаҳо дар диёри мардумони ориёинажод бошукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Бузуртарин, муқаддастарин ва волотарини ин ҷашнҳо Меҳргону Сада ва Наврӯзи оламафрӯз мебошанд, ки бо хусусиятҳои хоси хеш ва ҷилову тароваташон давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳамеша бо Замин, кишту кор ва марди деҳқон пайванди ногусастанӣ доранд. Зимни таҷлили ҷашни Меҳргон аз ҷониби суғдиён афрӯхтани оташи муқаддас ва ҷиҳозонидани дастархони идона бо ҳафтмеваи меҳргонӣ ва бузургдошти гандум, ки неъмати бузурги худовандӣ ва боиси бақои ҳаёти инсонист ва дар ҷашни Сада фурӯзон кардани шамъу гулханҳо, рӯи хон ниҳодани ҳафтмева ва тухми рустаниҳо, оташафрӯзӣ ва дар атрофии он рақсиданду аз болои оташ паридани ҷавонон хос будааст ва ин анъанаҳо то имрӯз дар аксари минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ побарҷост. Тоҷикон чунин ҷашнҳоро чун рамзи пирӯзии қувваҳои некӣ ба бадӣ ва рӯшноӣ ба зулмот таҷлил мекунад. Ба қавли муҳаққиқи таърихи тамаддуни ориёӣ, доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммади Ҳазратӣ ҷашни Сада, дар рӯзи 10-уми моҳи Баҳман, мутобиқ ба 30 — 31 январи солшумории мелодӣ, яъне 50 шабу 50 рӯз қабл аз иди Наврӯз дар Осиёи Марказӣ бо тантана ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Сада аз наздикшавии Баҳор ва фарорасии Наврӯз башорат медиҳад. Маросими гулгардонӣ ё худ "бойчечак" ин ҳамон ҷашни Баҳманчана аст, ки мардумон то ба ин рӯз ба он эътиқоди калон доранд. Беҳуда нест, ки пиру барно имрӯз ҳам дар Истаравшан гулҳои наврустаро ки муждагонӣ аз омадани баҳор аст аз дасти гулгардонҳо гирифта ба чашму абрувони худ мемоланду мебӯйянду мебӯсанд ва аз баҳори нав шукргузорӣ мекунанд. Наврӯз дар байни мардуми тоҷик бо номи "Иди сари сол" низ машҳур аст ва дар ин кишвари бостонӣ суннатҳои хоси худро дорад. Файласуф М.Ҳазратӣ чунин мешуморад, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим фасли зимистон — дай ҳамчун рамзи торикиву ҷаҳолат, яъне Аҳриман, баҳору Наврӯз ҳамчун рамзи пирӯзии қувваи некӣ, яъне Ахурамаздо маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, сафедӣ рамзи хубию некӣ ва сиёҳӣ рамзи касофату зиштӣ қарор гирифта, ҳамеша гӯё бо ҳамдигар дар мубориза будаанд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон то ба имрӯз дар иди Наврӯз либосҳои тозаю сафед ба бар мекунанд. Дар ин кӯҳандиёр имрӯз ҳам чоршанбеи охири қабл аз Наврӯзро ки Эрониён "чаҳоршанбеи сурӣ" — аш мехонанд, чоршанбеи муродбахш меноманд. Дар баъзе маҳаллҳо имрӯз ҳам дар ин шабу рӯз маросими гулхан афрухтан ва дар атрофаш рақсидану аз болояш паридан боқӣ мондааст. Зеро оташ касофат, бало ва нохуширо сӯзонда аз байн мебарад. Дар хонаҳои мардуми тоҷик чанд рӯз қабл аз Наврӯз гузаронидани хонабаророн то ба ин рӯз роиҷ буда, дар ин рӯз мардум хонаву ҳавлиро ҷорӯб мезананду тоза мекунанду ҳама гуна касофату ғубори соли гузаштро аз манзили худ дур меандозанд, хонаву девор ва танаи дарахтонро сафед мекунанд. Дар баъзе аз маҳалҳо шабона шамъ афрӯхта, сипанд дуд мекунанд. Шамъро аз навдаи шохаи дарахт бурида дар нӯгаш пахта мепечонанд ва онро ба равған тар карда оташ меафрӯзанд ва ин маросим "нӯгчамонӣ" ном дорад. Зеро мувофиқи ривоятҳо оташи муқаддаси суғдӣ ва бӯи сипанд метавонад, ки мабдаи бадӣ ва зулмот — Аҳриманро маҳв созад, то ин ки мардум бе ягон хавфу хатар иди Наврӯзро истиқбол гиранд. Ҳадафи чунин амал — мегӯяд М.Ҳазратӣ, поку тамиз ва ороста кардани манзил ва хонаву дар мебошад, то арвоҳи гузаштагон ва табъи сокинонаш шоду хуш гарданд. Дар рӯзҳои қабл аз наврӯз ва баъди он сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба имрӯз ҳам диду боздиди хешу таборон ва бузургони хонавода, аёдати беморон ва азодорон ва зиёрати қабҳои гузаштагон мераванд. Истиқболу пешвозгирии Наврӯз дар ҳар хонавода бо суруру шодмонӣ шурӯъ шуда, дар имтидоди ҷашн риояи ҳамаи оин ва суннатҳои наврӯзӣ ҳатмӣ будааст. Дар гузашта ҳар шаҳри қадима ҷои тадвири ҷашнҳоро доштанд. Он масалан дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон, Бухоро, Самарақанд ва Истаравшан "Наврӯзгоҳ" номида мешавад. Наврӯзгоҳи шаҳри Истаравшан, бино ба шаҳодати муаррихи шинохтаи тоҷик, академик Аҳрор Мухторови шодравон дар Қалъаи Муғ қарор дошт. Дар ин рӯз аз афшинҳои Истаравшан сар карда ҳама либосҳои сафеду тозаи идона ба бар мекарданд, шоҳон ба зердастон ҳадяҳо медоданд ва ҷашни Наврӯз шурӯъ мешуд, ки он "Наврӯзи бузург" ном дошт ва аз 6 то 40 рӯз давом мекард. Ин ҷашнгириҳо дар ин шаҳри бостон бо номи "ҷашни Гули Сурх" ёд мешавад. Аз ин рӯ, вожаи "Гули Сурх"- ро имрӯз яке аз мавзеъҳои калонтарини ин шаҳри бостонӣ ба худ гирифтааст. Дар Наврӯзгоҳи Истаравшан — Қалъаи Муғ, ки дар асрҳои миёна дар он ҷо аз 9 то 12 ҳазор одамон (афшину авлодонаш, аъёну ашроф, сипоҳиён ва ғайра) иқомат доштанд, таҷлили Наврӯзро бо як шукӯҳу шаҳомат пирони имрӯза, аз ҷумла сокини 98 — солаи гузари Олкорон Ҳидоятхола Носирова аз гузаштагони хеш борҳо шунида имрӯз ҳам дар ёд доранд ва бо як ҷаҳон шодиву масаррат аз анъанаҳои ниёгон қисса мекунанд. Қалъаи мазкур дар дарозои умри беш аз 2500 — солаи хеш 3 маротиба аз ҷониби лашкари араб, чингиз ва манғит хароб гардида аз нав барқарор шудааст. Мегӯянд, ки бори охир солҳои 30 -юми қарни гузашта ин Оташкадаву Наврӯзгоҳи Суғди қадим бо имои бурути як зимомдори бефарҳанги шаҳр ба хок яксон карда шуда аз хиштҳои кошинкории он маҳбас сохтаанд. Хушбахтона, ба шарофати ҷашни 2500 солагии Истаравшан ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарвозаи ин Қалъа аз нав бунёд шуд ва шояд ин Қалъа боз Наврӯзгоҳи ояндагон шавад. Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бошад дар Истаравшан мисли дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамасола ҷашн гирифта мешавад ва тантанаҳои Наврӯзӣ ба намоиши ҳақиқии ваҳдату ягонагии мардум ва дӯстию рафоқат табдил ёфтааст. Ба ин муносибат гузаронидани маросимҳои "ҷуфтбаророн", қайд кардани ақди никоҳ, ташкил кардани ҳар гуна бозиҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба қавли муовини Раиси шаҳри Истаравшан Диловар Азимов, имсол иди Наврӯз 22 март дар варзишгоҳи марказии шаҳр ҷашн гирифта, аз 21 то 25-и март дар шаҳр ва деҳоти он сайру гаштҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, бузкашӣ, гӯштини миллӣ, консерту баромадҳои ҳунарпешагон, тадвири озмунҳои карнайнавозон, бодбаракпарронӣ ва ташкил карда мешавад. Наврӯзи 17- умини замони истиқлолияти кишвар дар Истаравшан чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Наврӯзи суруру шодӣ, Наврӯзи ҷавонӣ, Наврӯзи меҳнат, Наврӯзи хушии тифлакон ва ваҳдату ягонагии мардум Тоҷикистон хоҳад шуд. Ҳусейн Нарзулло