НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МУРҒОБ

Март 6, 2009 16:38

                Хоруғ, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додоев). — Дар минтақаҳои болооби дарёи Панҷ, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб ҳанӯз рӯи заминро қабати ғафси барф пӯшондааст, аммо дар навоҳии Дарвозу Ванҷ маъракаи кабудизоркунӣ оғоз ёфт. Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, дар деҳоти ноҳияи Дарвоз беш аз ҳазор бех буттаҳои ороишӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шуд. Дар ноҳияи Дарвоз имсол ба шинондани ниҳолҳои ситрусӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Пайдост, ки ноҳияи Мурғоб иқлими сард дорад. Ба ин нигоҳ накарда, соли ҷорӣ бо имдоди олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир дар ин ҷо ниҳолҳои гуногун шинонда мешаванд.                 Умуман, тибқи нақша, соли ҷорӣ дар саросари вилоят 480 ҳазор бех ниҳол шинонида шуда, дар масоҳати 24 гектар боғ бунёд хоҳад гашт.  

Март 6, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид