ОЗМУНИ «МОЛҲОИ БЕҲТАРИНИ СОХТИ ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар маҷлиси муштараки сеюми роҳбарону намояндагони иттиҳодияи «Тоҷикматлубот», агентии «Тоҷикстандарт», роҳбарони ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои тадқиқотии минтақавӣ ва бозорҳои вилояти Суғд масъалаҳои танзими фаъолияти бозорҳо, беҳтар намудани хизматрасонӣ дар бозорҳо ва қонеъ гардондани талаботи харидорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маҷлиси мазкур дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Директори Агентии «Тоҷикстандарт Давлаталӣ Ҳотамов дар бораи фаъолияти агентӣ ва беҳтар сохтани фаъолияти бозорҳо, инчунин масъалаҳои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти бозорҳо, пешгирии ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат ва ҳифзи ҳуқуқи харидорон сухан ронд. Дар маҷлис ба роҳбарони ҳамаи бозорҳои вилояти Суғд китобчаҳои «Стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии бозорҳо» тақсим карда шуд. Иштирокчиёни маҷлис бо талаботи умумии стандартҳо шинос карда шуданд. Ба онҳо дастур дода шуд, ки стандардҳои муқарраршударо ҳатман риоя намоянд. Баъдан роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии молҳо, маҳсулоти пастсифат, истеҳсоли ғайриқонунии баъзе намуди молҳо, кушодани озмоишгоҳҳои махсус барои санҷиши озуқа, додани сертификати маҳсулот ва беҳтар сохтани сифати хизматрасонӣ табодули назар карда шуд. Дар фарҷоми маҷлис хабар дода шуд, ки бо мақсади беҳтар сохтани сифати молҳои истеҳсоли ватанӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони мол дар мамлакат бори аввал озмуни «Молҳои беҳтарини сохти Тоҷикистон» гузаронида мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






