САФАР САНГАКОВ СУДЯИ СУДИ ОЛӢ ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 18-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Наим Мансуров аз вазифаи муовини аввали Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, Анварҷон Юсупов бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ муовини аввали Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Инчунин, бо пешниҳоди Президенти мамлакат Деҳқонбой Ғафуров ва Сафар Сангаков судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Тибқи пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳомид Нуралиев бо ризоияти аъзои Маҷлиси миллӣ ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






