САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЭРОН

Март 10, 2009 15:17

                     Душанбе, 10 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон меравад. Вай дар ин ҷо дар маҷлиси даҳуми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок хоҳад кард. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон шоми имрӯз дар Теҳрон бо Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва пагоҳ бо роҳбари Инқилоби исломии Эрон Саид Алии Хоменеӣ мулоқот хоҳад кард. Сардори давлат зимни сафар ба шаҳри Кирмон рафта, бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос мегардад. Ӯ баъдан дар шаҳри Кеш аз минтақаи озоди иқтисодӣ боздид хоҳад кард.                       Президенти Тоҷикистон 15 март аз Эрон ба Туркия рафта, дар шаҳри Анқара дар маросими кушодашавии бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон ва сипас дар Истамбул дар анҷумани байналхалқии бахшида ба проблемаҳои об иштирок менамояд.                      Сарвари давлатро дар ин сафар мушовири давлатии Президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Созмони ҳамкории иқтисодиро 12 марти соли 1977 Эрон, Туркия ва Покистон таъсис дода буданд.                       Созмони мазкур аз соли 1964 то соли 1979 Созмони ҳамкории минтақавӣ барои рушд ном дошт. Баъди ба охир расидани давраи «ҷанги сард» дар саросари дунё дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Дар натиҷа шумораи мамлакатҳои аъзои созмон зиёд гардид. Ҳамон вақт мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон ба узвияти созмон қабул гардиданд. Ба туфайли ин Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба созмоне табдил ёфт, ки аҳамияти махсуси минтақавии геостратегӣ дошта, тадриҷан нерӯи бузурги иқтисодӣ пайдо намуд. Айни ҳол созмони мазкур мамлакатҳои се минтақаи бузург — Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ, аз ҷумла, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Туркманистонро муттаҳид месозад. Аз рӯи маълумоти охирини омор, маблағи умумии хариду фурӯши мол дар байни мамлакатҳои аъзои созмон тақрибан ба 600 миллиард доллари ИМА мерасад. Аз ин маблағ бештар аз 260 миллиард доллар ба содирот ва маблағи боқимонда ба воридоти мол рост меояд.                        Яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигари аъзои созмонро ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ташкил медиҳад. Ҳамкории мамлакати мо бо мамлакатҳои дигари аъзои созмон дар соҳаҳои сарфаи қувваи барқ ва истифодаи манбаъҳои ғайримуқаррарии қувваи барқ торафт густариш меёбад. Ин пеш аз ҳама ба истифодаи қувваи офтоб дахл дорад. Тоҷикистон сарзамини офтобрӯя буда, дар ин соҳа ба натиҷаҳои калон ноил гардида метавонад. Дар мамлакати мо аз қувваи офтоб барои пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат самарабахш истифода бурдан мумкин аст.                       Маълум аст, ки тараққиёти соҳаи кишоварзӣ барои пешрафти иқтисодиёт ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон ба вусъати ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои созмон дар соҳаи алоқа низ манфиатдор мебошад. Нақшаи тараққиёти алоқаи телефонӣ ва почта дар минтақа асосии тадбирҳои асосии муштаракро дар бобати таъминоти ин соҳаҳо бо техника ва технологияи навтарин муайян менамояд.                      Тоҷикистон бо ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон равобити умумӣ ва деринаи фарҳангию техникӣ ва забонӣ доранд. Ҳукумати мамлакат ба вусъати равобити фарҳангӣ бо ин мамлакатҳо таваҷҷӯҳи калон зоҳир менамояд. Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои аъзои созмон яке аз аввалин мамлакатҳо мебошад, ки оинномаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва Бунёди илмии Созмони ҳамкории иқтисодиро имзо кардааст. Вазифаи ин муассисаҳои минтақавии созмон равнақу ривоҷи ҳамкории илмию фарҳангӣ дар доираи он мебошад. Инчунин, мамлакатҳои аъзои созмон барои рушди соҳаи тиҷорат созмонҳои минтақавӣ таъсис медиҳанд.                                                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 10, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт