САФАРИ САФИРИ ЭРОН БА ҚӮРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 2 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғарӣ Шеърдӯст рӯзи шанбеи 28 феврал барои боздид ба шаҳри Қӯрғонтеппа омад. Вай дар ин ҷо бо раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов мулоқот кард. Мусоҳибон аз ҷараёни ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон ва амалӣ сохтани барномаҳои иқтисодӣ дар вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки фаъолияти ширкати «Мурғи порсиён» дар вилояти Хатлон бомуваффақият давом дорад. Дар ин ҷо асосан тухми мурғ истеҳсол карда мешавад. Натиҷаҳои самарабахши ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои энергетика ва маориф таъкид карда шуданд. Сафири Эрон баъдан дар маросими издивоҷи гурӯҳи калони ҷавонон ширкат варзид, ки бо ташаббуси вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи байналхалқии имдоди имом Ҳумайнии Эрон дар Тоҷикистон гузаронида шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






