ШАРҲИ МУХТАСАР БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОН

Март 6, 2009 11:46

                  Чунон ки маълум аст, Зан — Модар дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат ҷойгоҳи хоса ва мақому манзалати бузург дорад. Яъне модар мафҳуми умумибашарист, зеро ӯ офарандаи зиндагии инсон ва сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти одамӣ мебошад. Аз ин рӯ, хизмати модар дар назди башарият беҳадду андоза буда, инсоният ҳамеша ба хотири ҷуброни муҳаббат ва ранҷҳое, ки ӯ мекашад, саъю кӯшиш мекунад. Яке аз бузургони гузаштаи мо дар ин бобат чунин фармудааст:                 Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,                 Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд: «Нақш ва мақоми Зан — Модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад».                Сарвари давлат ба таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус медиҳанд. Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон Ҷаноби Олӣ чунин изҳор карда буданд: «Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем».                Маҳз ба ҳамин хотир 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид. Ин Фармон барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, таҳкими нақши онҳо дар густариш пайдо кардани ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге бахшид. Ин санади муҳим асоси ҳуқуқии таҳия ва қабули якчанд барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998 — 2005», «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 — 2010» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи байналмилалиро «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон» ба имзо расонид.                Ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири он анҷом дода мешаванд, ки арзёбии ҳар кишвар ва баҳои ҳар инсон аз сатҳи арҷгузории ӯ ба қадру қимати Зан — Модар маълум мешавад. Инчунин дину мазҳабҳои гуногун низ мақоми занро гиромӣ дошта, мардонро ба эҳтиром ва посдории нақши Зан — Модар, ки идомабахши ҳаёт ва пайвандгари наслҳост, ҳидоят намудаанд. Аммо бузургтарин қадршиносие, ки дар ҳаққи Зан — Модар гуфта шудааст, ҳадиси Паёмбари бузурги ислом — ҳазрати Муҳаммад мебошад, ки фармудааст: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».                Рӯзи модарон иди ҳар як инсон ва ҳар як хонавода аст ва бешак, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Модар, ба эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят месозад. Бинобар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон минбаъд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад.                Бигузор, ин рӯзи гулафшону муаттари оғози баҳори сарсабзу хуррам ба иди муҳаббат ва рамзи меҳру садоқати фарзандон ба модарону хоҳарони гиромии мо табдил ёбад.

Март 6, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид