ШОҲМОТ: ФАРРУХ АМОНАТОВ БА ҶОИ ДУЮМ БАРОМАД

Март 20, 2009 15:50

                    Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов дар шаҳри Тошканд ба ҷои дуюм баромад.                      Фаррух Амонатов, ки дар даври 4-ум бар шоҳмотбозӣ Русия, устоди байналмилалӣ Павел Потапов пирӯз шуд, 3,5 имтиёз ба даст овардааст. Амонатов дар даври панҷум бо гроссмейстери рус Виталий Сешковский, ки бо 4 имтиёз байни 98 нафар дар ҷои аввал мебошад, бозӣ хоҳад кард.                      Шоҳмотбози тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бо 2,5 имтиёз дар ҷои 30-юм ва Неъмат Зиёев бо 2 имтиёз дар ҷои 45-ум ҷойгир шудаанд. Намояндагони дигари Тоҷикистон Темур Гадоев 1,5 имтиёз, Сӯҳроб Ҳошимов ва Давлатмамад Сангмамадов якимтиёзӣ, Асила Мӯҳтоҷзода ним имтиёз доранд.

Март 20, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид