ШУДГОРИ ЗАМИНҲОИ ПАХТАИ НОҲИЯХОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Март 9, 2009 10:57

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар назар аст, ки ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли 2009 дар масоҳати 14 ҳазору 620 гектар пахта кишт намоянд. Ҳоло омодагӣ ба маъракаи кишти пахта дар ҳамаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хеле хуб аст.Омили аввали баландҳосилӣ-шудгори босифат, дар ҳамаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қаноатбахш анҷом дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки масоҳати заминҳо барои кишти пахта барои соли ҷорӣ аллакай муайян карда шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Турсунзода майдони замини пахта ба андозаи 5 ҳазору 30 гектар, Ҳисор-3231, Рӯдакӣ-1650, Шаҳринав-2127 ва ноҳияи Ваҳдат дар масоҳати 2582 гектар пахта кишт менамояд.

Март 9, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд