СИТОДИ НОҲИЯВИИ КАБУДИЗОРКУНӢ
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти идораи кишоварзии ноҳияи Шаҳринав, масъалаи ободонии ноҳия дар маркази диққати роҳбарияти мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти ноҳия қарор дорад. Дар ноҳия оид ба масъалаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар фаслҳои тирамоҳи соли 2008 ва баҳори соли 2009 ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст. Ситод то 15-уми феврали соли ҷорӣ ба шинонидани 70 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла 20 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда, 41 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ дар майдони 4,2 ҳазор метри квадратӣ ва тоза кардани 3,5 ҳазор кубаметр партовҳо ва ташкили хоҷагии ниҳолпарварӣ дар майдони 40 гектар замин, мусоидат намуд. Дар ин рӯзҳо дар тамоми маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳиякорҳои ободонӣ гузаронида мешаванд. Сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия кӯшиш доранд, то иди Наврӯзи хуҷастапай ниҳолшинониро ба охир расонанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






