СОДИРОТИ ПАХТА БА ХОРИҶИ КИШВАР КАМ ГАРДИД

Март 25, 2009 12:09

                   Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ маълум гардид, ки содироти нахи пахта ба хоричи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти молҳо 12, 4 фоизро ташкил дод.                   Дар моҳҳои январ- феврали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 14 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 15 миллион доллар содир шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2008 аз рӯи ҳаҷм 1,4 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш ба маблағи 4, 7 миллион доллар кам мебошад.                   Нахи пахта асосан ба Эрон (26,8 фоиз), Россия (20,7 фоиз), Латвия (14,7 фоиз), Ӯзбекистон (11,6 фоиз), Белорус (8,8 фоиз), Украина, Покистон, Булғория ва Шветсария дар ҳаҷми 4 фоизӣ, Австрия (1,1 фоиз), АМА (0,3 фоиз) содир карда шудааст.                   Нархи миёнаи нахи пахта нисбати соли 2008 ба андозаи 204 доллар арзон шуда, нархи 1 тоннаи он 1072 долларрро ташкил дод.

Март 25, 2009 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар