СОХТМОНИ ТУННЕЛИ ШАҲРИСТОН БОСУРЪАТ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 18 март (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Коргарон дар туннели Шаҳристон аз тарафи шимол ба дарозии 2890 метр ва аз тарафи ҷануб ба дарозии 2179 метр нақб канданд. Дарозии туннели кандашудаи ҳавокашӣ аз тарафи шимол ба 2895 метр ва аз тарафи ҷануб ба 2229 метр мерасад. Дарозии умумии туннел 5 километру 305 метр мебошад. Туннели мазкур барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат аҳамияти калон дошта, минтақаҳои ҷанубу шимоли ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад. Аз вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар туннели Шаҳристон бехатарии ҳаракати нақлиёт пурра таъмин карда, роҳи рафту омади он хеле кӯтоҳ карда мешавад. Туннел соли 2010 ба истифода дода хоҳад шуд. Маблағи умумии сохтмони туннел 296 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 14 миллиону 795 ҳазор долларро Ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро «Эксимбонк» — и Чин ҷудо кардаанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






