СУХАНРОНИИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕКИН
Душанбе, 25 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов 23 март дар конфронси минтақавии Маркази таҳқиқоти байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Чин сухан кард. Вай зикр намуд, ки Ҷомеаи иқтисодии Евразия дорои нерӯю имкониятҳои калон буда, дар оянда як навъ муҳаррики ҳамкории минтақавӣ гардида метавонад. Вале айни ҳол ин созмон бо баъзе проблемаҳои воқеию ғайривоқеӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки суръати ҳамкорию ҳамгироии минтақавиро то андозае суст мегардонанд. То ҳол аниқ муқаррар накардани сарҳади байни давлатҳо, проблемаҳои тақсимоти об, сохтмони иншоотҳои энергетикӣ, проблемаҳои нақлиёт ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Ба ин проблемаҳо торафт бештар ривоҷ ёфтани фаъолияти равияҳои гуногуни сиёсию ифротии ислом, хариду фурӯши маводи нашъадор ва таҳдиди ба минтақаи Осиёи Марказӣ дохил гардидани гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистонро илова кардан лозим меояд. Ба қавли Р.Олимов, бӯҳрони имрӯзаи ҷаҳонии молиявӣ шарти асосии рушди ҳамкорӣ дар доираи Ҷомеаи иқтисодии Евразия гардида метавонад. Сафир зикр намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай солҳои охир дар минтақа торафт бештар мақоми сазовор ишғол менамояд. Айни ҳол ба он чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ шомил гардидаанд. Созмони мазкур дар масъалаҳои таъмини сулҳу осоиш, субот, ҳамкорӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамдигар нақши муҳим мебозад. Қайд карда шуд, ки қариб 60 фоизи хариду фурӯши хориҷии мол дар Тоҷикистон ба давлатҳои аъзои СҲШ рост меояд. Хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Чин дар давоми ҳафт соли охир сад баробар афзуд ва маблағи он дар охири соли 2008 ба 1,5 миллиард доллари ИМА расид. Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, қувваи корӣ, роҳҳои нақлиётӣ ва ғайра ният дорад, ки аз имкониятҳои СҲШ истифода бурда, барномаҳои бузурги иқтисодиро амалӣ созад. Иҷрои ин барномаҳо на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати халқҳои дигари минтақа низ мебошад. Сохтмон ва тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, Душанбе — Хоруғ — Қулма, хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» ва ғайра аз ҳамин қабиланд, ки бо кӯмаки ҳукумати Чин ва давлатҳои дигари аъзои СҲШ сохта мешаванд, гуфт дар хотима сафир








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






