ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР «БОЙТЕРЕК»

Март 25, 2009 16:43

                  Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯзҳо таҷлили ҷашни Наврӯзи фархундапай дар гӯшаю канори Тоҷикистон идома дорад. Яке аз чунин базмҳои наврӯзӣ дар маркази миллии фарҳангии қазоқони Тоҷикистон «Бойтерек» дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони ақалиятҳои миллии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.                    Ҷамъомадагонро ба ҷашни хуҷастаи Наврӯз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталип Ахметов шодбош гуфта, ба онҳо осмони соф ва ҳаёти осоишта таманно кард.Зауре Саминова раиси Маркази миллии фарҳангии «Бойтерек» дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки таҷлили ҷашни Наврӯз дар байни халқи қазоқ хусусияти хоси худро дорад. Халқи қазоқ низ дар баробари дигар мардумони машриқзамин ҷашни фархундаи Наврӯзро бо орзую ормонҳои нек ва албатта бо хони идонаи наврӯзӣ дар халқаи дӯстону аҳли хонадон дар базмгоҳҳо истиқбол мегиранд. Хусусияти хоси хони наврӯзии мардуми қазоқ ин гузоштани таомҳои гуногун миллӣ, бахусус «Наврӯз коже», «қавурдоқ» ва «гандумбирён» ба хони наврӯзӣ аст, ки он таҷассумгари бофайзу баракат омадани сол мебошад.                   Дар ҷашни наврӯзӣ ҳамчунин, либосҳои миллӣ ва дигар анъанаю суннатҳои мардуми қазоқ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки инъикосгари фарҳангу тамаддуни мардуми бародари қазоқ буд.                    Зауре Саминова мегӯяд, ки Маркази миллии фарҳангии «Бойтерек», ки маънояш дарахти ҳаёт аст, соли 2007 бо мақсади густариши фарҳангу тамаддуни халқи қазоқ дар Душанбе созмон дода шуда, ҷиҳати ҳифзи анъанаю суннатҳо ва забони қазоқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Зауре Саминова меафзояд, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор қазоқон кору зиндагӣ намуда, дар рушду шукуфоии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Март 25, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад