ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ХУҶАНД

Март 12, 2009 15:03

                 Хуҷанд, 12 март (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомадҳои ботантана баргузор гардиданд. Яке аз чунин ҷамъомадҳо бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил карда шуд. Котиби шӯъбаи вилоятӣ Илҳом Ҷамолиён ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи матбуот табрик намуд. Дар ҷамъомад муовини раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев сухан кард. Вай аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кормандони беҳтарини воситаҳои ахбори оммавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.                Аз ҷумла, сармуҳаррири ҳафтаномаи вилоятии «Согдийская правда» Владимир Тарасов, директори студияи телевизиони шаҳри Исфара Саҳобҷон Қурбонов, котиби масъули ҳафтаномаи вилоятии «Согдийская правда» Владимир Вяхирев ва дигарон сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Дар ҳамин ҷамъомад ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои рӯзноманигорони ҷавон мукофотҳо супорида шуданд.               Дар фарҷоми ҷамъомад консерти идона намоиш дода шуд.

Март 12, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд