ТАЪИНОТИ НАВ
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Имрӯз бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳбарони баъзе ташкилоту идораҳо аз кор озод ва ба ба вазифа таъин карда шуданд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Муҳибалӣ Сафаров аз вазифаи директори генералии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод карда шуд. Ба ин вазифа Аловиддин Сатторов таъин гардид, ки пеш аз ин дар вазифаи раиси ноҳияи Вахш кор мекард. Бо қарори дигари Ҳукумати мамлакат Сафаралӣ Саъдуллоев муовини раиси Ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик» таъин шуд. Абдуғаффор Раҳмонов аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ озод гардида, ба вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мамлакат таъин гардид. Инчунин, Валерий Шарифов ба вазифаи муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» таъин шуд. Бо қарори дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ, Рашид Додобоев ва Қудратулло Қурбонов муовинони директори генералии «Тоҷик Эйр» таъин шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз инчунин, Хуршед Хайраков муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






