ТАРМИМИ РОҲ ДАВОМ ДОРАД

Март 18, 2009 11:13

                     Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Даври сеюми тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон давом дорад. То имрӯз дар роҳи мазкур кандани талу теппаҳо, қирпӯш кардани роҳ, таркондани харсангҳо ва мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ба охир расиданд. Дар қитъаҳои гуногуни роҳ 12 кӯпруки нав сохта, ду кӯпруки пештара барқарор карда шуд. Тармими 77 километр роҳ аллакай пурра анҷом ёфт. Тавре ки маълум аст, роҳи мазкурро ширкати роҳсозии «Синохайдро» — и Чин тармим менамояд. Дар даври дуюм 60 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ низ тармим карда хоҳад шуд. Дар тармими роҳ коргарони ширкатҳои «Роҳсоз — 7» ва «Сомон — 7» истифода бурда мешаванд. Айни ҳол дар ин ҷо 231 коргару мутахассиси маҳаллию хориҷӣ кор мекунад. Онҳо дар тармими роҳ аз 190 намуди техникаи роҳсозӣ истифода мебаранд.                     Барои тармими роҳ дар давраи дуюм 39 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА сарф карда мешавад. Аз ин маблағ 30 миллион долларро Бонки Рушди Осиё ва 9 миллиону 500 ҳазор долларро Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардааст.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ояндаи наздик даври сеюми тармими роҳ оғоз меёбад. Барои анҷом додани корҳои тармимӣ дар давраи сеюм 76 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда мешавад.                      Моҳи сентябри соли равон даври дуюми тармими роҳи мошингарди Шоҳон — Зиғор низ ба анҷом мерасад. Дарозии роҳи мазкур қариб 10 километр мебошад. Барои тармими роҳ 15 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА сарф карда мешавад. То имрӯз қариб 44 фоизи маблағи мазкур сарф карда шудааст. Айни ҳол дар ин қитъаи роҳ 177 коргару мутахассиси маҳаллию хориҷӣ машғули кор аст. Тармими роҳи мошингарди Шоҳон — Зиғорро ширкати роҳсозии «Собир» — и Эрон ба зимма гирифтааст.  

Март 18, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид