ТАШАББУСИ НАҶИБ
Истаравшан, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Ҷомеаи меҳнатии муассисаи манзилию коммуналии ноҳияи Зафаробод дар ҷамъомади навбатии худ ба ташаббуси наҷиб даст зад. Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Ш. Раҷабов коргарони ин ташкилот қарор доданд, ки аз ҳармоҳа маошашон дастмузди якрӯзаашро ба фонди сохтмони НБО — и Роғун ирсол менамоянд. Дар муроҷиатнома, ки ҷомеаи 65-нафараи ин коргоҳ қабул намудааст, оварда шудааст, ки «нангу номуси тоҷикии мо Тоҷикистонро обод мекунад. Агар ҳамаи мо аз як гиребон сар бароварда муттаҳидона меҳнат намоем, ин иншоот эъмор хоҳад шуд. Сипас, мо ба ҳамаи ташкилоту корхона, муассисаю хоҷагиҳои ноҳияи зикршуда ва берун аз он, хусусан ба тоҷирону соҳибкорони бо нангу номус муроҷиат карда хоҳиш менамоем, ки ин иқдоми моро дастгирӣ намоянд ва ба сафи мо ҳамроҳ шаванд.»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






