ТЕАТРИ ОПЕРА ВА БАЛЕТ БАЪДИ ТАРМИМИ ТӮЛОНӢ БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАД
Душанбе, 16 март (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Мулоқоти анъанавии роҳбарияти ҷумҳурӣ бо зиёиёни илмию эҷодкори мамлакат 20 март дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамон рӯз инчунин театр баъди тармими куллии тӯлонӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард. Баъди мулоқот ба тамошобинони сершумор барномаи калони консертии асарҳои операвию симфонӣ пешниҳод карда мешавад. Барномаи консертӣ аз асарҳои мусиқии «Аида», «Кармен», «Сартароши севилӣ» ва ғайра иборат аст. Консерт таҳти роҳбарии дирежерҳо Жерардо Колела ва Борон Миробов баргузор мегардад. Бори аввал дар ин ҷо овозхони итолиёвӣ Барбара Колела ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






