ЯҲУДИҲОИ БУХОРО СОҲИБИ КАНИСО ШУДАНД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода барои яҳудиҳои Бухоро, ки муқими шаҳри Душанбе мебошанд, ҳавлиеро баҳри каниса — ибодатгоҳ харида тӯҳфа кард. Аз ин иқдом яҳудиҳои бухороии Амрико изҳори сипос намуданд. Боиси ёдоварист, ки канисаи яҳудиён, ки дар ҳудуди нақшаи сохтмонии Қасри миллат қарор дошт, бо қарори шаҳрдорӣ барои сохтмони он дар дигар қисмати шаҳр замин ҷудо карда шуд, ки яҳудиёнро қонеъ накард. Директори «Ориёнбонк» мушкилотро бо хариди ҳавлие дар маркази шаҳр барои каниса ҳал кард. Акнун аз ин дастгирӣ яҳудиён миннатдоранд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






