ЁДИ БУЗУРГВОР

Март 4, 2009 16:33

                    Истаравшан, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Исфара конфронси илмӣ — назариявӣ дар мавзӯи «Соли 2009 — Соли бузургдошти Имоми Аъзам» баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси шаҳр К. Собитова оғоз кард.                    Котиби масъули ҷамъияти шаҳрии «Дониш» нависанда Субҳон Ёдгорӣ «Дар бораи зарурат ва аҳамияти бузургдошти Имоми Аъзам» ва мутахассиси бахши дини дастгоҳи раиси шаҳр Ҷамолиддин Раҳмонов оиди «Роҳи ҳаёт ва хизматҳои бузурги Нӯъмон Ибни Собит Абуҳанифа — Имоми Аъзам дар густариши забони форсии тоҷикӣ» маърӯзаҳои ҷолиб карданд. Сархатиби масҷиди ҷомеи «Ҳоҷиён» Софохон Бобохонов пиромуни талаботи мазҳаби ҳанафия, тавсиаи донишҳои исломии омма ва пешгирии як идда ҷавонон аз гаравиш ба равияҳои дигари динӣ изҳори назар кард.

Март 4, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд