ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА БА КУҶО ФИРИСТОДА ШУД?
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, дар моҳи январи соли 2009 ба ҷумҳурӣ 21 мамлакати хорҷи дурру наздик ба маблағи 3 миллиону 880 ҳазор доллар ё 2559 тонна ёрии башардӯстона расонданд. Аз ҷумла: орд 1332 тонна ё ба маблағи 428 ҳазор доллар, равғани растанӣ 182 тнна ё ба маблағи 245 ҳазор доллар, доруворӣ маблағи 99,7 ҳазор доллар, либос ва пойафзол 8,5 ҳазор доллар, инчунин маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои барқии маишӣ, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст. Аммо дар маълумоти мазкур гуфта нашудааст, ки ин маводи воридшуда ба куҷо ва бо кадом миқдор фиристода шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






