ҚАРЗИ БОНКӢ БА ХОҶАГИҲОИ ХУРД ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шӯъбаи ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоб ба хоҷагиҳои пахтакор ба маблағи умумии 2 миллиону 376 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард. Дар бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки қарзҳои нахустинро барои мавсими имсола 121 ҳоҷагӣ гирифтанд, ки дорои 1416 гектар замин мебошанд. Соли равон бонк ҷиҳати ҷудо кардани қарз аз 195 хоҷагии деҳқонӣ ба маблағи умумии 9 миллиону 790 ҳазор сомонӣ дархост гирифт. Мавриди зикр аст, ки хоҷагиҳои соли равон қарзгирифта пурра маблағи соли гузашта гирифтаашонро ба бонк пардохт кардаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки хоҷагиҳои деҳқонии бузурги минтақа аз ӯҳдаи пардохти қарз ба таври бояду шояд баромада наметавонанд, аз ин рӯ соли ҷорӣ ҷудо кардани маблағ бештар ба хоҷагиҳои хурду миёна тавсия шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






