ҚУРБИ ПУЛИ МИЛЛӢ МӮЪТАДИЛ АСТ

Апрель 7, 2009 10:12

                 Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар моҳҳои охир дар бозори нақдии асъори ҷаҳон, бахусус дар баъзе аз мамлакатҳои ИДМ ба характери «шинокунанда» гирифтор шудани асъори миллии ин кишварҳо ба назар мерасад. Қурби асъор дар бозорҳои нақдии амалкунандаи Тоҷикистон, мувофиқи гузоришҳои ҳаррӯзаи Бонки Миллии Тоҷикистон чандон назаррас тағйир наёфта, пули миллӣ характери мӯътадилро расм карда аст.                 Ба иттилои хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар давоми чанд рӯзи охир дар қурби миёнаи харид ва фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои нақдӣ тағйироти ҷузъӣ ба назар расида, дар ҳудуди 3,83-3,85 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, қурби миёнаи харид ва фурӯши рубли русӣ ва евро мутаносибан 0,1130 — 0.1140 сомонӣ ва 5,08 — 5,13 сомониро ташкил медиҳанд.                Қурби асъоре, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ фаъолият мекунанд, аз андаке зиёд шудани талабот ба рубли русӣ ва евро дарак медиҳад, ки ин шаҳодати фаъолтар гаштани амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро мебошад. Қурби миёна аз рӯи ин асъор мутаносибан дар сатҳи 0,11336 сомонӣ ва 4,9681 сомонӣ муқаррар гардид.                 Мавриди зикр аст, ки тамоюли таҳким ёфтани рубли русӣ ва евро нисбат ба доллари ИМА дар бисёр бозорҳои байналхалқии асъорӣ ба мушоҳида мерасад.    

Апрель 7, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд